Июл 27, 2018 20:43 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 70 қочоқчӣ дар марзҳои Узбакистон

Марзбонони Узбакистон дар моҳи июн 70 қочоқчиро дар марзҳои ин кишвар дастгир карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, сухангӯи марзбонони Узбакистон гуфт: Дар моҳи июн марзбонони Узбакистон дар марзи Қирғизистон 25 нафар, Қазоқистон 22 нафар, Афғонистон 16 нафар, Тоҷикистон шаш нафар ва Туркманистон як нафар қочоқчиро боздошт карданд.

Дар ин моҳ ҳамчунин аз қочоқи колоҳо ба арзиши 18 ҳазору 846 доллар пешгирӣ шудааст, ки бештари онон филизоти ранга ва сигор будааст.

 Колоҳои кашфшуда ба унвони даромади давлат забт мешаванд.