Август 23, 2018 08:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳал нашудани бархе масоил дар равобити Тоҷикистон ва Узбакистон

Раиси Анҷумани сиёсатшиносии Тоҷикистон муътақид аст, ҳануз ҳам бархе масоил дар равобити Тоҷикистон ва Узбакистон ҳалнашуда боқӣ мондааст ва иддаои рафъи комили ихтилофоти ин ду кишвари ҳамсоя, саҳеҳ нест.  

Ба нақл аз Eurasianet.org, Абдуғанӣ Маҳмадазимов таъкид кардааст, замоне метавон гуфт, ки дар равобити Тоҷикистон ва Узбакистон ҳеч мушкиле боқӣ намондааст, ки марзи муштараки ин ду кишвар ба таври комил аз мина поксозӣ шавад.  

Ҳарчанд, ки акнун иқдомоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва Узбакистон барои ниҳоӣ кардани созишномаи аломатгузории манотиқи мавриди ихтилоф дар марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсоя оғоз шуда ва бар сари барчидани минаҳои коргузошташуда аз ин манотиқ низ тавофуқ ба даст омадааст.