Август 31, 2018 18:53 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми раҳбарони Тоҷикистон ва Узбакистон дар ростои таҳкими муносибот

Раҳбарони Тоҷикистон ва Узбакистон дар ростои таҳкими муносиботи байни якдигарии ин ду кишвари ҳамсоя ва дар як иқдоми бесобиқа ба шуморе аз мақомоти баландпояи Душанбе ва Тошканд, нишонҳои ифтихор эъто карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тайи фармонҳое ба нахуствазир, вазири хориҷа ва бархе дигар аз мақомот ва чеҳраҳои фарҳангии Узбакистон ба шумули фаъолони расонаӣ ва илмии тоҷики муқими ин кишвар, ҷоизаҳо ва нишонҳои ифтихори Тоҷикистонро эъто кард.

Дар муқобил Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон низ даст ба иқдоми мушобеҳе зад.

Ин барои нахустин бор дар тӯли солҳои истиқлоли ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ аст, ки раҳбарони Тоҷикистон ва Узбакистон ба мақомот ва чеҳраҳои шинохтаи фарҳангии кишвари муқобил нишонҳои ифтихори кишварҳои худро эъто мекунанд.

Равобити Тоҷикистон ва Узбакистон пас аз марги Ислом Каримов, раисиҷумҳури пешини Узбакистон ба таври кулли тағайири мусбат доштааст.