Сентябр 22, 2018 10:44 Asia/Dushanbe
  • Ҷойи холии раисҷумҳурии Туркманистон дар иҷлоси ИДМ

Раиси ҷумҳурии Туркманистон дар нишасти сарони кишварҳои Ҷомеаи Ҳамсуд (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) дар Душанбе ширкат намекунад.

Ба гузориши сайти рӯзномаи “Туркманистони бетараф”, Қурбонқули Бердимуҳаммадов дар ин иҷлос, ки тайи рӯзҳои 27 ва 28 – и сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, ширкат намекунад.

Ба ҷойи вай, Пурли Отамуродов, муовини нахуствазир дар умури омӯзишу парвариш ва беҳдошту дармон ба унвони сарпарасти ҳайати Туркманистон ба ин иҷлос эъзом мешавад.

Дар айни ҳол дар бораи иллати ҳузур наёфтани раиси ҷумҳурии Туркманистон дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе тавзеҳ дода нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар нишасти Душанбе раёсати Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ барои соли 2019 аз Тоҷикистон ба Туркманистон мунтақил мешавад.

Ба гуфтаи коршиносон интизор мерафт дар ҳошияи иҷлоси сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқули Бердимуҳаммадов дидор ва мавзӯи таваққуфи беш аз як моҳи мошинҳои боркаши тоҷикистонӣ дар вурудии марзҳои Туркманистонро баррасӣ хоҳанд кард.