Сентябр 25, 2018 12:28 Asia/Dushanbe
  • Ғайбати мармузи раисҷумҳури Туркманистон дар диди умумӣ

Наздик ба як ҳафта аст, ки Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон дар назарҳо зоҳир намешавад.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, рӯзноманигорони мустақил таъйид кардаанд, ки барои охирин бор тасовири раиси ҷумҳурии Туркманистонро рӯзи 18 -уми сентябр нишон додаанд.

Дар он рӯз маросими тақдими медалҳо ба барандагони ралли “Омул – Хазар 2018” баргузор шуда буд.

Рӯзҳои 18 - 21 – и сентябр раиси ҷумҳурии Туркманистон ба ҷуз ҳузур дар маросими ифтитоҳи бемористони фарзанди худ бо номи Сардор, дар ҳеҷ кадом аз маросими ифтитоҳияи тарҳҳои иқтисодии вижаи солгарди истиқлоли Туркманистон ҳузур надоштааст.

Рӯзи 21 – уми сентябр низ раиси ҷумҳурии Туркманистон бар хилофи риволи маъмул, дар ҷаласаи ҳукумати ин кишвар ширкат накард.

Ҳамчунин рӯзи 24 – уми сентябр нишасти аз қабл барномарезишудаи маҷлиси “Халқ маслиҳат” (Шӯрои мардумӣ) ба таври ғайримунтазира ифтитоҳ нагардид.

Тибқи фармоне, ки дар моҳи июл раиси ҷумҳурии Туркманистон имзо карда буд, ин нишаст мебоист рӯзҳои 24 ва 25 - уми сентябр доир мешуд.

Ҷаласоти “Халқ маслиҳат” дар муддати 10 соли ахир мавқуф гузошта шуда буд.

Нашрияи “Хроника Туркменистана” менависад, дар бораи ғайбат ғайримаъмули раиси ҷумҳурии Туркманистон дар анзор ё диди умумӣ ҳеҷ манбаи расмии ин кишвар иттилоърасонӣ намекунад ва касе иллати ин ғайбатро намедонад.