Ноябр 21, 2018 12:28 Asia/Dushanbe
  • Музокироти раиси Маҷлиси Ӯзбакистон бо раисҷумҳури Тоҷикистон

Нуриддинҷон Исмоилов, раиси Маҷлиси сенати Ӯзбакистон, ки барои анҷоми сафари расмӣ дар Тоҷикистон ба сар мебарад, бо раисҷумҳури ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши манобеи расмии Тоҷикистон, Нуриддинҷон Исмоилов дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози хурсандии тарафи Ӯзбакистон аз баҳрабардории нахустин чархаи нерӯгоҳи обии барқи “Роғун”, ин проекти азимро барои тамоми кишварҳои минтақа дорои аҳамият донист.

Ду тараф ҳамчунин таъкид карданд, бо барномаҳое, ки миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар дастури кор қарор гирифтааст, равобити ду кишвари ҳамсоя ҷанбаи стратегӣ пайдо кардааст.

Нуриддинҷон Исмоилов ҳамчунин рӯзи гузашта бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дидор кард.

Густариши равобити парлумонӣ ва ҳуқуқӣ аз муҳимтарин меҳварҳои музокироти раисони маҷлисҳои ду кишвар буд.

Ин нахустин сафари расмии раиси Маҷлиси Ӯзбакистон ба Тоҷикистон пас аз истиқлоли ин ду ҷумҳурии ҳамсоя дар Осиёи Миёна аст.

Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар даврони қудрати Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Ӯзбакистон равобити сарде доштанд , ки бо рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев ин вазъият тағйир кард.