Декабр 26, 2018 15:52 Asia/Dushanbe
  • Сохти арчаи солинавӣ бо 400 мошин дар Узбакистон

Нахустин бор дар таърихи Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Намангон 400 мошин ба шакли дарахти арчаи солинавӣ саф кашиданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории “Форс”, барои нахустин бор дар таърихи Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Намангон 400 дастгоҳ автомобил ба шакли дарахти арча саф кашиданд.

Созмони маҳаллии мудирияти эминии ҷодаҳо на танҳо аз ин иқдом ҳимоят кард, балки зинатдиҳии аслии коҷ ё арча, яъне ситораи дарахти солинавиро бо мошинҳои полиси роҳнамоӣ эҷод кард.

Эҷоди ин коҷи Нуэл (арча) 5 соат замон бурд.

 Намангон - маркази вилояти Намангони ҷумҳурии Узбакистон аст ва дувумин шаҳри пурҷамъият пас аз Тошканд мебошад.