Январ 06, 2019 13:28 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон раиси нави ИДМ дар соли 2019

Раиси ҷумҳурии Туркманистон аз оғози раёсати давраии кишвараш бар Иттиҳодия кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ (ИДМ) аз оғози соли 2019 хабар дод.

Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории Форс, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчунин гуфт: Густариши ҳамкориҳои мутақобил дар чорчуби ҷомеаи кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ дар авлавияти сиёсати хориҷии Туркманистон қарор дорад.

Тасмим дар мавриди раёсати Туркманистон бар ИДМ дар нишасти раисони ҷумҳурии ин иттиҳодия дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон ва дар сентябри 2018 гирифта шуд.

Бар асоси ин тасмим, нишасти баъдии ИДМ дар таърихи 11 октябри 2019 дар шаҳри Ишқобод пойтахти Туркманистон баргузор хоҳад шуд.

Иттиҳодияи кишварҳои мустақил дар соли 1991 ва бо ҳадафи гирдиҳам овардани 15 кишвари Шӯравии собиқ таъсис шуд ва дар ҳоли ҳозир Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон узви он мебошанд.