Феврал 05, 2019 12:56 Asia/Dushanbe
  • Мамнӯияти парвози ҳавопаймоҳои Ширкати миллии ҳавопаймоии Туркманистон ба Иттиҳоди Аврупо

Созмони амнияти ҳавонавардии Аврупо (EASA) бо ишора ба адами риояти стандартҳои байналмилалии парвоз тавассути Ширкати миллии ҳавопаймоии Туркманистон «Туркман ҳаво йуллари» парвозҳои ин ширкат ба кишварҳои аврупоиро мамнӯъ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, EASA аз риоят нашудани стандартҳои байналмилалӣ тавассути “Туркман ҳаво йуллари” хабар дод ва эълом кард, то замони иҷрои стандартҳои матлуб ҳавопаймоҳои Туркманистон ба ҳарими ҳавоии Аврупо ворид намешаванд.

Ширкати мазкур 3 парвози доим ба кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Фаронса, Олмон ва Англия дошт, аммо дар соли 2018 Фурудгоҳи байналмилалии Порис низ бо ишора ба риоят нашудани қавонини марбутаи парвозҳо ин ширкати туркманиро мамнӯъ кард.