Нокомии кишварҳои Осиёи Миёна дар ҷилавгирӣ аз рушди терроризм ва ифротгарӣ
Дар ҷараёни мизи гирди сиёсӣ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон эълом шуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар амри ҷилавгирӣ аз рушди терроризм ва ифротгарӣ мувафақияте надоштаанд.
Ин мизи гирдро имрӯз сомонаи Акипресс пӯшиши хабарӣ дода ва тасреҳ кард, ки бар пояи таҳқиқи анҷомшуда тавассути Маркази зиддитеррори ИДМ кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумули Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон муваффақ ба контроли марзи ифротгароёна ва терроризм нашудаанд ва ҳаракатҳои ифротигарона бо вуҷуди иқдомоти сахтгиронаи ниҳодҳои қудратӣ ҳанӯз идома дорад.
Мариана Кочоби, мудири шӯрои илмии маркази зиддитеррори ИДМ дар мизи гирди ёдшуда гуфтааст, дар мавориде аъзои гурӯҳҳои ифротӣ ба таври омидона даст ба хилофкорӣ мезананд ва маҳкум ба зиндон мешаванд.
Дар пайи зиндонӣ шудан, ин афрод иқдом ба таъсиси ҳалқаҳои сиррӣ ва кӯчаки вобаста ба ақоиди ифротиёна ва террористӣ мекунанд ва ин барои ояндаи амнияти минтақа хатари бузурге аст.
Бар асоси таҳқиқи суратгирифта фақат дар шаш моҳи соли гузашта беш аз 1500 нафар дар кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба иттиҳоми даст задан ба амалҳои террористӣ ва ифротигарӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.