Март 22, 2019 18:39 Asia/Dushanbe
  • Боздошти даҳҳо муътаризи зидди давлатӣ дар Қазоқистон

Полиси Қазоқистон дар ҷараёни баргузории эътирозоти зиддидавлатӣ дар ин кишвар даҳҳо муътари зиддидавлатиро боздошт кард.

Ба нақл аз хабаргузории Рейтерз, ин эътирозот бо созмондеҳии Мухтор Иблиязов аз сиёсатмадорони мухолифи давлат сурат гирифтааст.

Иблиязов Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури истеъфо додаи Қазоқистонро ба барномарезӣ барои ҷонишинии духтараш Дариға Назарбоев муттаҳам кардааст.

Даҳҳо нафар аз ҳомиёни Мухтор Иблиязов, ки дар Фаронса зиндагӣ мекунад дар хиёбонҳои Алма-Ата бузургтарин шаҳри Қазоқистон ва Нурсултон пойтахти ин кишвар иҷтимоъ карданд.

Назарбоев 79 сола бо вуҷуди истеъфо аз раёсат ҷумҳурӣ ҳануз ҳам ба унвони раиси Шурои амнияти миллии Қазоқистон аз қудрати қобили таваҷҷуҳе дар ин кишвар бархурдор аст.

Дариға Назарбоева чаҳоршанбеи гузашта ба ҷои Қосим Ҷумарт Тоқаев ба унвони раиси сенати Қазоқистон интихоб шуд.

Қосим Ҷумарт Тоқаев раиси сенати Қазоқистон низ рӯзи чаҳоршанбе ба унвони раиси ҷумҳури нави муваққати ин кишвар савганд ёд кард.