Апрел 11, 2019 11:32 Asia/Dushanbe
  • Ғароматхоҳии 1.5 миллиард долларии ширкати

Ширкати тилифони ҳамроҳи Русия ба далели поймолсозии ҳуқуқи сармоягузорони хориҷӣ тавассути Туркманистон дархости 1.5 миллиард доллар ғаромат кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, оператури тилифони ҳамроҳи Русия мавсум ба "MTS" ба маркази байнамиллалии расидагӣ ба шикоятҳо дар ҳавзаи сармоягузорӣ аз давлати Туркманистон шикоят кард.

Пештар ин ширкати Русия хоҳони дарёфти 750 миллион доллар буд, аммо дар ҳоли ҳозир "MTS" 1.5 миллиард долларро мутолиба мекунад.

Ҳазинаҳои воқеъии ин ширкат дар Туркманистон ба 1.5 миллиард доллар расида ва "MTS" омодагӣ барои тарҳи даъво дар додгоҳҳои байналмиллалиро дорад.

Ба назари раисони ин ширкат, давлати Туркманистон тавофуқномаи ҳамкорӣ байни Ишқобод ва Маскав дар соли 2009-ро нақз ва ҳуқуқи сармоягузорони хориҷиро риоят накардааст.

Соли гузашта "MTS" аз Ишқобод 750 миллион доллар хост, ки имсол ин маблағ 2 баробар афзоиш ёфтааст.

Марям Ҳорувуд вакили маркази байналмиллалии расидагӣ ба шикоятҳо дар ҳавзаи сармоягузорӣ дар додгоҳ аз манофеъи Туркманистон дифоъ хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки фаолияти ширкати "MTS Туркманистон" дар охирҳои моҳи сентябри соли 2017 мутаваққиф ва давлати ин кишвар муҷаввизи идомаи фаолиятро надод.

Дар он замон ширкати мазкур 1.7 миллион нафар муштарӣ дошт.