Сентябр 17, 2016 18:30 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби 16 санади ҳамкорӣ дар иҷлоси сарони ИДМ

Сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи ҷумъа, 16 сентябр, дар нишасти солонаи ин созмон дар Бишкек, пойтахт Қирғизистон 16 санади ҳамкориро, ки дар нишасти вазирони умури хориҷии ин кишварҳо ба имзо расида буд, тасвиб карданд.

Ин аснод шомили иқдоми муштарак дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ҳамоҳангӣ дар сохтори созмон бо шароити мавҷуд, номгузории соли 2017 ба унвони Соли оила ва соли 2018 ба унвони Соли фарҳанг, роҳандозии барномаи байнидавлатии мавсум ба «Пойтахтҳои фарҳангии ИДМ» дар соли 2017 дар Озарбойҷон ва ҳамкории кишварҳо дар ҳавзаи мубориза бо ифротгароӣ дар солҳои 2017-2019 аст.

Пеш аз иҷлоси сарон вузарои умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо таъкид ба тамаркузи бештар ба аҳдофи ин созмон барои тавсеаи ҳамкории ҳамаҷониба, бахусус дар бахши иҷтимоӣ ва идомаи ҳамгироӣ барои эҷоди навсозӣ ва дигаргунии сохтории ин созмон эъломи омодагӣ карданд. Аз ин манзар шояд битавон иҷлоси Бишкекро, ки ҳамзамон бо 25-умин солгарди таъсиси ИДМ баргузор шуд, нуқта атфе дар таърихи шаклгирии ин созмон донист.

Нигоҳе ба тавофуқҳои иҷлоси Бишкек нишон медиҳад, кишварҳои узви ин созмон бо вуҷуди ҳама маҳдудият ва мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии пешорӯ дар солҳои пас аз истиқлол дар тӯли чаҳоряк аср дар садади тақвияти зерсохтҳои иҷтимоию фарҳангӣ баромадаанд. Ба иборати дигар тайи ҳама 25 соле, ки аз умри ин сохтори минтақаӣ мегузарад, авлавиятҳое чун масоили амниятӣ ва эҷоди инсиҷоми сохторӣ миёни аъзо ҷиҳати таъсиргузорӣ ба таҳаввулоти минтақаӣ, байналамилалӣ ва дохилиҷуғрофии кишварҳои узв дар аввалавият қарор дошта, дар робита ба бахшҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо вуҷуди ҳама аҳамияти онҳо бепарвоӣ зоҳир шуда. Ҳол он ки ба гуфтаи бисёре аз аҳли фанну коршиносони сиёсӣ, ин кишварҳо ҳадафи ташакили як иттиҳоди қавиро доштанд, зеро дар чунин ҳол, масрафи моддӣ ва сиёсии эҳёи амнияту инсиҷоми сохторӣ дар ҷуғрофияи кишварҳои узв ба унвони ниҳоде, ки қарор буд, вориси Иттиҳод Шӯравӣ собиқ бошад, ба ҳадди ақал коҳиш меёфт ва дар заминаи муқобила бо ҷараёнҳои ифротгароӣ, ҷудоиталаб ва такфирию террористӣ муваффақтар амал мекард.

Акнун низ тавофуқҳои ҷорӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ нозир ба зарурати ҷуброни ҳамин костиҳо аст. Бо ин тафовут акнун ин ниҳод даргири баробар кардани ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуд назди ин кишварҳо барои пешбурди барномаҳои эъломшуда аст. Бавижа ҳар яке аз аъзои ИДМ тайи ҳама солҳои истиқлол ба андозае даргири мушкилот ва масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳатто фарҳангии дохилӣ шудаанд, ки тавони зарфиятсозӣ барои анҷоми барномаҳои ҷамъӣ ва ҳамгароёнаро ба ҳадди ақал расондаанд. Аз ин рӯст, ки иҷлоси Бишкекро бо таваҷҷуҳ ба барномаҳои таърифшуда барои солҳои начандон дури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил метавон нуқтаи атфе дар таърихи таҳаввулоти ҳамкориҳои ин ниҳод донист, ба шарте ки барномаҳои пешорӯ имкону зарфияти пешбинии роҳкорҳои навсозӣ ва дигаргуниҳои сохторӣ дар моҳияти ҳамкориҳои дастҷамъии ин созмонро дошта бошад.