Июн 08, 2019 21:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори раисҷумҳури собиқ ба давлати феълии Қирғизистон

Раисҷумҳури собиқи Қирғизистон дар таҷаммӯи эътирозомез дар Бишкек аз иқдомоти давлати феълии ин кишвар ба шиддат интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, имрӯз, шанбе дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон таҷаммӯи эътирозӣ бо мавзӯи мубориза бо фасод баргузор шуд.

Дар ин таҷаммуъ Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон ва тарафдорони вай аз иқдомоти давлат дар бахши мубориза бо фасод интиқод карданд ва хостори муборизаи ҷиддӣ бо фасод шуданд.

Ҳамчунин Отамбоев дар ин таҷаммӯи эътирозомез изҳор дошт: “Давлати феълӣ ҳамвора дар бораи иштибоҳоти давлати собиқ сухан мегӯяд, аммо мавзуъ ин аст, ки оё Соронбой Жеенбеков, раисҷумҳури феълӣ ва Асилбек Жеенбеков, намояндаи парлумони Қирғизистон дар сохтори давлати собиқ дорои мақоми боло ва ҷузъи ҳамон давлат набуданд?”

Отамбоев бо ишора ба боздошти мақомоти баландпояи фаъол дар давлати собиқи Қирғизистон низ гуфт, имрӯз Кумитаи амнияти миллӣ ба таҳдиди амнияти миллӣ табдил шуда ва аз манофеи Жеенбековҳо ва Матраимовҳо дифоъ мекунад ва манофеи ин афрод муҳимтар аз манофеи кишвар аст.

Отамбоев ҳушдор дод, ӯ ва тарафдоронаш дигар ин иқдомоти давлатро таҳаммул нахоҳанд кард ва агар вазъият тағйир накунад, таҷаммӯи эътирозӣ бо дархости истефъои Жеенбеков баргузор мекунанд.

Бо шурӯи давраи раёсати ҷумҳурии Жеенбеков, аксари тарафдорони Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон ба иттиҳоми фасоди молӣ ва сӯиистифода аз қудрат, дар чорчӯби барномаи якпорчаи мубориза бо фасод боздошт шуданд.