Июн 26, 2019 13:39 Asia/Dushanbe
  • Лағви ҳаракати қаторҳо ба мақсади Русия аз мабдаи Ариси Қазоқистон

Ҳаракати қаторҳое, ки Русияро ба Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон муттасил мекунад дар натиҷаи таркиш дар шаҳри Арис мутаваққиф шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар натиҷаи таркиш дар анбори нигаҳдории силоҳ дар шаҳри Ариси Қазоқистон ҳаракати 8 қатори мусофирбарӣ мутаваққиф шуд.

Бар асоси ин гузориш ҳаракати қаторҳои Тошканд-Маскав, Андиҷон-Маскав, Тошканд-Қозон, Тошканд-Новосибирск, Тошканд-Уфа, Тошканд-Чилябинск, Алма-Ато-Нокос ва Алма-Ато-Тошканд ба таври муваққат мутаваққиф шуд.

Ширкатҳои мусофирбарӣ ҳазинаҳои чиптаи мусофирони қаторро боз мегардонад.

Ин дар ҳолест, ки 2 рӯзи пеш дар шаҳри Ариси Қазоқистон дар пойгоҳи низомӣ таркише ба вуқуъ пайваст ва дар натиҷаи он сокинони он минтақа тахлия шуданд.

Дар ин ҳодиса 2 нафар кушта ва 165 нафар маҷруҳ шуданд.

Шаҳри Арис аз лиҳози ҳамлу нақл мавқеъияти стратежик дорад зеро дар он истгоҳи роҳи оҳане, ки Русияро бо минтақаҳои ҷанубии Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон муттасил мекунад қарор дорад.

Давлати Қазоқистон камисиони вижае барои баррасии далоили ин ҳодиса ташкил дод.