Июн 27, 2019 10:31 Asia/Dushanbe
  • Тадбири давлати Қазоқистон барои коҳиши эътирозҳои мардумӣ

Раиси ҷумҳури Қазоқистон бо ҳадафи коҳиши норизоятиҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар дастури бикор кардани пардохти миллионҳо евра қарзи хонаводаҳои фақирро содир кард.

Ба гузориши имрӯзи Садо ва Симо, бо дастури Қосим Жомарт Токаев раиси ҷумҳури Қазоқистон  давлат қарзи наздик ба 255 ҳазор нафар аз мардуми ин кишварро пардохт хоҳад кард.

Ин иқдом бо ҳадафи костан аз норизоятиҳои иҷтимоӣ ва иҷтиноб аз баргузории эътирозҳои умумӣ сурат мегирад.

Интихоби Токаеви 66 сола ба раёсат ҷумҳурии Қазоқистон дар оғози моҳи июн бо тазоҳуроти густардае ба даъвати мухолифон ҳамроҳ шуд.

Дар ин таҷаммуоти эътирозӣ беш аз чаҳор ҳазор нафар боздошт шуданд ва дастгоҳи қазоии Қазоқистон наздик ба як ҳазор нафар аз онҳоро маҳкум ба ҳабс кард.

Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон, ки ҳудуди 30 сол дар ин симат буд 20 марти гузашта аз симати худ канорагирӣ кард.