Август 06, 2019 13:09 Asia/Dushanbe
  • Нафрати мардуми Осиёи Миёна аз Амрико

Бештари мардуми Осиёи Миёна аз Амрико нафрат доранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин хулосаи мақолаи таҳлилие аст, ки дар сомонаи интернетии Осиёи Миёна Зинда, мунташир шудааст.

Нависандаи матлаби ин сомонаи таҳлилӣ  бо ташриҳи ҷангафрӯзиҳо ва лашкаркашиҳои Амрико дар саросари ҷаҳон нуфузи он дар кишварҳои тоза истиқлолёфтаи Шуравии собиқ ба баҳонаи тарвиҷи демокрасӣ, кумак ба рушди иқтисодӣ ва мубориза бар зидди ифротгароии диниро барои суботи минтақа хатарнок медонад.

Ин дар ҳолест, ки дар ибтидо бархе аз кишвраҳои Осиёи Миёна монанди Қирғизистон ва Узбакистон ба низомиёни амрикоӣ ва ғарбӣ пойгоҳи низомӣ доданд, аммо хеле зуд ин иштибоҳи худро ҷуброн ва низомиёни амрикоиро аз кишвари худ ихроҷ карданд.

Мардуми Осиёи Миёна ва ба вижа нухбагон ва огоҳони ин минтақа бо таваҷҷуҳ ба авомфиребии сиёсатмадорони ғарбӣ ва Амрико ва ҳимояти пайдо ва пинҳони онҳо аз гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ ин нигарониро доранд, ки пушти сари демокрасии амрикоӣ ақибмондагӣ, ҷанг ва бадбахтӣ аст.