Август 26, 2019 17:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷануби шарқи Осиё – авлавияти сиёсати хориҷаи Туркманистон

Вазири умури хориҷаи Туркманистон гуфт, тақвияти равобит бо кишварҳои ҷануби шарқи Осиё авлавияти сиёсати хориҷаи ин кишвар мебошад.

Ба гузориши “Форс”, Рашид Муродов, вазири умури хориҷаи Туркманистон дар нишасти кобинаи вузаро, барномаи сафари Қурбонқули Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури ин кишвар ба Сингапурро эълом кард.

Ин мақом гуфт, тақвияти равобит бо кишварҳои ҷануби шарқи Осиё авлавияти сиёсатҳои хориҷаи Туркманистон мебошад.

Муродов хотирнишон кард, равобити дипломатӣ байни Сингапур ва Туркманистон дар таърихи 12 –уми сентябри соли 1996 барқарор шуд ва ин кишвар аз тамоми ибтикороти байналмилалии Ишқобод ҳимоят карда ва ба вазъияти бетарафии давлати Туркманистон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ эҳтиром мегузорад.

Вазири умури хориҷаи Туркманистон афзуд, бо таваҷҷуҳ ба авомили зикршуда, ин кишвар бо иҷрои сиёсати бетарафӣ, алоқаманд ба тақвияти равобит бо кишварҳои дӯст, ба хусус дар минтақаи ҷануби шарқи Осиё аст.

Муродов гуфт, Туркманистон барои тавсеаи ҳавзаи санъат, фанновариҳои навин ва сармоягузорӣ талош мекунад ва дар қолаби ин барномаҳо равобит бо Сингапур бисёр муассир хоҳад буд.

Вай изҳор дошт, раисҷумҳури Туркманистон бар тақвияти ҳамкорӣ бо Сингапур дар заминаи тиҷорӣ, иқтисодӣ, энержӣ, ҳамлу нақл ва санъат таъкид кард.