Сентябр 09, 2019 19:53 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии ҳамкории раҳбари мухолифини Қирғизистон бо давлати ин кишвар

Раҳбари опозитсиюни Қирғизистон аз омодагӣ барои ҳамкорӣ бо қудратҳои сиёсии ин кишвар, аз ҷумла давлати феълӣ хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, Омурбек Текебоев, раҳбари опозитсиюни Қирғизистон дар гуфтугӯ бо расонаҳои маҳаллӣ аз бозгашти худ ба арсаи сиёсӣ хабар дод.

Вай гуфт: “Пас аз итмоми тарҳҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла табрааи комил, ман боз ҳам ба арсаи сиёсии кишвар ворид хоҳам шуд ва барои ҳамкорӣ бо қудратҳои мухталиф, аз ҷумла давлати феълӣ омода ҳастам”.

Ин сиёсатмадор гуфт, ҳамкорӣ бо қудратҳои сиёсӣ як тарҳи муҳим аст ва дар он бояд тамоми масоил ҳамоҳанг шавад.

Текебоев хотирнишон кард, дар сурати баргашт ба арсаи сиёсӣ ҳама иштибоҳоти кобинаи вузаро, парлумон ва раисҷумҳурро ҳатман матраҳ мекунам.

Шоёни зикр аст, ки Текебоев дар соли 2017 дар замони раёсати ҷумҳурии Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон ба далели фасоди молӣ ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ду ҳафтаи пеш додгоҳи шаҳри Бишкек нисбат ба парвандаи қазоии Текебоев таҷдиди назар кард ва ин сиёсатмадор ба боздошти хонагӣ мунтақил шуд.

Интихоботи парлумонии Қирғизистон дар соли 2020 баргузор хоҳад шуд ва сиёсатмадорону аҳзоб ба фикри эътилоф барои ба даст овардани бештарин курсӣ дар парлумон ҳастанд.