Октябр 29, 2019 18:05 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раисҷумҳури Туркманистон аз кундии иҷрои тарҳи ТАПИ

Раисҷумҳури Туркманистон аз кундии раванди иҷрои тарҳи интиқол газ аз Туркманистон ба Афғонистон, Покистон ва Ҳинд интиқод кард.

Ба гузориши ИРНА, Қурбонгули Бердимуҳаммадов бо интиқод аз амалкарди муовини нахуствазири Туркманистон дар хусуси пешрафти ками тарҳи ТАПИ афзуд, масъулон аз аҳамияти ин тарҳ ғофил ҳастанд ва камкорию бетаваҷҷуҳӣ ин тарҳро бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст. Муродгелди Мередов, муовини нахуствазир дар ин ҷаласа дар хусуси иҷрои тарҳи ТАПИ гузорише ироа кард.

Хатти лӯлаи гази ТАПИ (Туркманистон - Афғонистон - Покистон - Ҳинд), ки қарор аст, гази Туркманистонро ба Ҳинд транзит кунад, як ҳазору 814 километр тӯл дорад, ки 816 километри он аз хоки Афғонистон, аз вилоятҳои Ҳирот, Фароҳ, Ҳилманд ва Қандаҳор убур ва вориди устони Балучистони Покистон хоҳад шуд. Бар асоси ҷадвали барномаи иҷро, ин тарҳ қарор аст, бо убур аз минтақаи Балучистони Покистон дар соли 2019 ба Ҳиндустон бирасад. Бар асоси тарҳи аввалия, ин хатти лӯла зарфияти таҳвили 90 миллион метри муккааб дар рӯз газ ё 30 миллиард метри муккааб дар солро дорад.

Хатти лӯлаи ТАПИ аз майдони газии Давлатободи Туркманистон оғоз мешавад ва баробар бо бузургроҳи Ҳирот ба Қандаҳор хоҳад расид ва пас аз он дар Покистон, аз шаҳри Квета ба Мултани Ҳинд имтидод меёбад. Аз муҳимтарин мавонеи пеши рӯйи сохти ин хатти лӯла рақобати минтақаӣ ва таърихии Ҳинду Покистон аст, ба далели ин ки убури хатти лӯлаи ТАПИ ба Ҳинд аз дохили сарзамини Покистон убур мекунад, боиси вобастагии Деҳлии Нав ба Исломобод мешавад, ки норизоияти мақомоти ҳиндиро ба вуҷуд оварда. Монеи дигари сохти хатти лӯлаи ТАПИ мушкили молӣ аст, ки гуфта мешавад, Арабистон тамоюл дорад, ин монеаро бартараф карда ва барои сохти ин хатти лӯла сармоягузорӣ кунад. Монеи дигари пеши рӯйи сохти ин хатти лӯла таҳдидоти амниятӣ аст, зеро хатти лӯлаи ТАПИ бояд аз манотиқи ноамни Афғонистон убур кунад, ки гурӯҳҳои террористие монанди Толибон ва ДИИШ дар он ҷо нуфуз доранд.