Декабр 20, 2019 21:57 Asia/Dushanbe
  • Судури муҷаввизи кор ба 5 ҳазор шаҳрванди Туркманистон дар Туркия

Вазорати кори Туркия аз судури 5 ҳазор муҷаввизи кор барои шаҳрвандони Туркманистон хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, имсол давлати Туркия ба беш аз 113 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ муҷаввизи корӣ додааст.

Дар байни ин афрод 50 ҳазор шаҳрванди Сурия, 10 ҳазор қирғиз, 6 ҳазор украинӣ ва 5 ҳазор шаҳрванди Туркманистон қарор доранд.

Илова бар ин, тибқи иттилооти Вазорати фарҳанг ва гардишгарии Туркия 256 ҳазор гардишгари туркман аз Туркия боздид кардаанд.

Ин шохис дар муқоиса бо омори соли гузашта 20 дарсад афзоиш доштааст.

Шоёни зикр аст, ки барои шаҳрвандони Туркманистон Туркия маҳбубтарин кишвар барои муҳоҷирати корӣ мебошад.

Бахши зиёде аз атбои туркман дар Туркия ба таври ғайриқонунӣ ҳузур доранд.