Нигоҳе ба аҳдофи дувоздаҳумин нишасти Комиссияи ҳамкориҳои иқтисодии Узбакистону Туркманистон
Дувоздаҳумин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, фаннӣ, илмӣ ва фарҳангии Узбакистону Туркманистон дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.
Дар ин нишаст раисону намояндагони бахшҳои давлатӣ, аз ҷумла вазорату идораҳои бахшҳои иқтисодӣ, тиҷорию энержӣ, саноати кишоварзӣ, саноати ҳамлу нақл ва иртибототи ду кишвар ҳузур доштанд.
Нигоҳе ба ҳайати ширкаткунандагон дар ин комиссия ва меҳварҳои гуфтугӯи намояндаҳои ду кишвар ҳокӣ аз он аст, ки масоили марбут ба ҳамкории ду тараф дар заминаҳои сиёсати хориҷӣ, масоили иқтисодӣ, тиҷорӣ, саноатӣ, энержӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақл ва иртиботот аз меҳварҳои аслии мавриди баҳс дар нишасти Тошканд будааст. Дар ин нишаст ҳамчунин чашмандози равобити иқтисодию бозаргонӣ, тавсеаи беш аз пеши муносибот ва ҳамчунин густариши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои ҳамлу нақл, ҳифозати муҳити зист дар дастури кори ҳайатҳои намояндагии узбаку туркман қарор дошта, дар поён низ тарафайн протоколи тавофуқоти ҳосилшуда ва ҳамкориҳои дуҷонибаро имзо карданд.
Возеҳ аст, ки баргузор шудани чунин нишастҳо ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои ду ва ҳатто чандҷонибаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ кӯмак мекунад. Аммо ин нишаст шояд барои тарафи узбак аз аҳамияти вижае бархурдор бошад. Ин аҳамият ба навъи сиёсати хориҷӣ ва рӯйкарди Тошканд ба ҳамкориҳои минтақаӣ бо ҷумҳуриҳое назири Қирғизистон, Тоҷикистон ва ҳатто Қазоқистон бозмегардад. Бавижа агар ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ шавад, яке аз муҳимтарин меҳварҳои мавриди баҳс дар дувоздаҳумин нишасти ҳайатҳои Узбакистону Туркманистон зарурати таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи ҳамлу нақл ва низ масоили марбут ба баҳрабардории оқилона аз манобеи об будааст. Воқеият он аст, ки Узбакистон муддатҳост, барои таъмини оби мавриди ниёзи заминҳои кишоварзии худ бо кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ихтилоф дорад ва ин ихтилоф ба талоши Душанбе ва Бишкек барои эҳдоси сад дар дарёҳои минтақаи болооб бо ҳадафи таъмини нерӯи барқи мавриди ниёзи ин кишварҳо бозмегардад. Он чӣ Тоҷикистону Қирғизистон ба иҷрои ин лоиҳаҳо ташвиқ ва тарғиб мекунанд, талош барои қатъи вобастагии суннатӣ ба энержии кишварҳое ҳамчун Узбакистон аст; ихтилофе, ки на ба солҳои пас аз истиқлоли ин кишварҳо, балки ба солҳои ибтидои ташкили иттиҳоди шӯроҳо, ҳудуди як қарни гузашта бармегардад. Аз ин рӯ, дар баробари талошҳои ҷумҳуриҳои Қирғизистону Тоҷикистон барои таъмини энержии мавриди ниёз Узбакистон низ барои таъмини оби мавриди ниёзи заминҳои кишоварзии худ ногузир дунболи беҳтар кардани муносиботи худ бо дигар ҷумҳурҳои минтақа, назири Туркманистон шудааст.
Аз ин манзар шояд битавон гуфт, ҳамин ихтилофот, ки дар баъзе маворид боиси сардии равобити Узбакистон бо Тоҷикистону Қарғизистон шудааст, сабаби фосила гирифтани Узбакистон аз рақобати суннатӣ бо Қазоқистон барои ба уҳда гирифтани раҳбарии кишварҳои Осиёи Марказӣ гаштааст. Ҳамин тавр, дар ин хусус низ рақобати Тошканду Остона ба бозии яктарафа ба суди тарафи қазоқ тамом шудааст. Аз ин рӯ, Узбакистон бо ҳадафи бозгашт ба ҳамкориҳои иқтисодию минтақаӣ дар навбати аввал тақвияти ҳамкорӣ бо Туркманистонро ба унвони кишвари бетарафи минтақа баргузидааст; рӯйкарде, ки то ҳудуде ҳокӣ аз муваффақият барои тарафи узбак будааст ва афзудани ҳамкориву додугирифти бозаргонӣ дар ин кишварҳо дар соли 2015 дар муқоиса бо солҳои начандон дур ин фарзияро собит мекунад.
Фаъолияти муштараки ширкатҳои узбаку туркман бо сармоягузории тарафи туркман, бавижа дар заминаи ироаи хадамоти сохтмон ва тавлиди масолеҳи сохтмонӣ низ дар ҳамин росто қобили арзёбӣ аст. Бо вуҷуди ин мақомоти Тошканду Ашқобод муътақиданд, раванди ҳамкориҳои ду кишвар дар тамоми бахшҳои саноатӣ, тиҷорӣ, бозаргонӣ, фаннӣ ва иқтисодӣ бо зарфиятҳои мавҷуд дар ду кишвар фосила дорад. Аз ин рӯст, ки ду тараф бо баргузор кардани нишастҳои давраии комиссияҳои муштарак дар пайи пур кардани хало барои тақвияти муносиботашон ҳастанд. Ба баргузор шудани давозҳумин нишасти Комиссияи ҳамкориҳои Узбакистону Туркманистон дар Тошканд низ аз ҳамин паҳлу бояд нигарист.