Дуркории 70 дарсади кормандони бахш давлатӣ ва ғайридавлатии Қазоқистон
Раисҷумҳури Қазоқистон дастури дуркории 70 дарсад аз кормандони бахши давлатӣ ва ғайридавлатии ин кишварро содир кард.
Ба гузориши “Форс”, Қосим Жоомарт Токаев, раисиҷумҳури Қазоқистон дастури дуркории 70 дарсад аз кормандони бахши давлатӣ ва ғайридавлатии ин кишварро содир кард.
Ба истиснои ниҳодҳои дорои фаъолиятҳои муҳим ва ҳамчунин сохторҳои амниятӣ ва интизомӣ ва бархе аз расонаҳо, бақияи созмонҳо ва муассисот бояд аз ин дастур табаият кунанд.
Раисиҷумҳури Қазоқистон барои бунгоҳҳои хусусӣ низ анҷоми иқдомоти мушобеҳеро тавсия кардааст.
То кунун дар Қазоқистон 32 мавриди ибтило ба вируси круно (15 нафар дар Алмаато ва 17 нафар дар Нурсултон ба сабт расида ва барои муддати як моҳ (аз 16 март то 15 апрели соли ҷории мелодӣ) вазъияти изтирорӣ эълом шудааст.