Март 29, 2020 09:05 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти тоҷикҳо аз Қазоқистон ба Ватан бо ҳавопаймои низомӣ

Тоҷикҳои гирифтор дар Қазоқистон ва қазоқҳои довталаби хурӯҷ аз Тоҷикистон тавассути як ҳавопаймои бории артиши Қазоқистон ҷо ба ҷо шуданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи вазорати умури хориҷаи Қазоқистон, ин ҳавопаймо 23 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Қазоқистон ба Душанбе бурд ва дар парвози баргашт 24 шаҳрванди Қазоқистонро аз Тоҷикистон ба кишварашон бозгардонд.

 Ба далели қатъи парвозҳои ҳафтаӣ миёни Душанбе ва Алмаато дар паи густариши вируси корона дар Қазоқистон ин теъдод аз шаҳрвандони тоҷик ва қазоқ хостори бозгашт ба кишварҳои хеш буданд, ки бо ҳамоҳангии мақомоти сиёсии ва низомии ду ҷумҳурӣ ин парвоз анҷом шуд.

 Ин дар ҳоле аст, ки 180 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон чанд рӯзе аст,ки дар фурудгоҳҳои Олмон, Туркия ва Ҳиндустон ба далели қатъи парвозҳо миёни ин кишварҳо бо Душанбе наметавонанд ба кишвари хеш бозгарданд.

 Мақомоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯянд, ки бо ин афрод дар тамос ҳастанд ва талош мекунанд, ки бо парвозҳои чартерӣ ононро ба кишварашон бозгардонанд.