Апрел 03, 2020 17:28 Asia/Dushanbe
  • Муқобила бо круно - меҳвари гуфтугӯи раисҷумҳури Қазоқистон ва раиси Шӯрои Аврупо

Раисҷумҳури Қазоқистон ва раиси Шӯрои Аврупо дар тамоси телефонӣ дар бораи густариши вируси круно дар ҷаҳон ва иқдомоти муштарак барои аз байн бурдани паёмадҳои он табодули назар карданд.

Дар ин тамоси телефонӣ Қосим Ҷомарт Токаев гуфт, Қазоқистон ба манзури тазмини суботи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар иқдомоти қотеъ иҷро мекунад.

Раисҷумҳури Қазоқистон дар бахши дигаре аз ибтикори Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи тарвиҷи як барномаи башардӯстона барои мубориза бо вируси круно, аз ҷумла ҷазби сармоягузории байналмилалӣ барои кумак ба осебпазиртарин кишварҳои ҷаҳон ҳимоят кард.

Шарл Мишел ҳам дар суханоне иқдомоти амалӣ ва тасмимоти раисҷумҳури Қазоқистон барои ҷилавгирӣ аз густариши бештари вируси круно дар қаламрави ин кишвар мусбат арзёбӣ кард.