Вуруди дубораи коргарони узбакистонӣ ба Тоҷикистон барои лойрубии канали Ҳисор
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i52451-Вуруди_дубораи_коргарони_узбакистонӣ_ба_Тоҷикистон_барои_лойрубии_канали_Ҳисор
Мақомоти Тоҷикистон ба коргарони узбакистонӣ иҷозатномаи вуруд ба ин кишвар барои лойрубии канали обёрии Ҳисорро содир карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 07, 2020 11:02 Asia/Dushanbe
  • Вуруди дубораи коргарони узбакистонӣ ба Тоҷикистон барои лойрубии канали Ҳисор

Мақомоти Тоҷикистон ба коргарони узбакистонӣ иҷозатномаи вуруд ба ин кишвар барои лойрубии канали обёрии Ҳисорро содир карданд.

Ба нақл аз сомонаи Фарғона, 11 коргари узбакистонӣ қабл аз ҷашни Наврӯз барои бори нахуст тайи си соли ахир кори лойрубии канали Ҳисорро оғоз карда буданд, ки дар пайи баста шудани марз бо Тоҷикистон ба далели ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона ба кишварашон бозгаштанд.

Аммо акнун бо муҷаввизи ҳукумати Тоҷикистон ин коргарон бо 30 адад таҷҳизот дубора вориди водии Ҳисор шуданд то амалиёт ва кори лойрубии ин системи обёрии муштаракро аз сар гиранд. Аммо қабл аз оғози ин марҳила, коргарони узбакистонӣ ба муддати 14 рӯз карантин шуданд ва пас аз манфӣ эълом шудани натоиҷи озмоиши мубтало шудани онон ба вируси корона акнун амалиёти лойрубии канали Ҳисор оғоз шудааст.

Канали Ҳисор ба тӯли 50 километр манбаи асосии обрасонии 30 ҳазор гектар аз заминҳои зироии водии Ҳисори Тоҷикистон ва вилояти Сурхони баҳри Узбакистон мебошад, ки бо тавофуқи мақомоти ду кишвар мутахассисони узбак ҳамасола лойрубии ин таъсисотро анҷом медиҳанд.