Баррасии тарҳи сохти хатти лулаи Топи дар ҷаласаи давлати Туркманистон
(last modified Mon, 01 Jun 2020 12:49:25 GMT )
Июн 01, 2020 17:49 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тарҳи сохти хатти лулаи Топи дар ҷаласаи давлати Туркманистон

Раиси Ҷумҳурии Туркманистон дар ҷаласаи ҳайати давлати ин кишвар аз омодагии Ашхабод барои ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати иҷрои лоиҳаи "Топи" хабар дод.

Ба гузориши радиои бурун марзии Садои Хуросон, дар ин нишаст Муродгелди Муродов муовини нахуст вазири Туркманистон гузорише аз натоиҷи фаолиятҳои марбут ба сохти бахши туркмании хатти лулаи гази Топи ироа кард. 

Бу гуфтаи ин мақоми туркманӣ, бахши марбут ба ин кишвар ба таври комил бо лулаҳои фӯлодӣ таъмин шудааст. 

Ҳамчунин эълом кард, ки ширкати давлатии "Туркмангаз" бо як ширкати марбутаи Гонконг дар мавриди анҷоми назорати фаннӣ бар сохти ин хатти лулаи газ ва системи компрессори газ ба тавофуқ расидааст. 

Ба гуфтаи вай амалиёти ҷушкории бахши туркмании хатти лулаи Топи то марзи Афғонистон анҷом шуда ва "Туркмангаз" дар ҳоли таҳияи теъдоди мавриди ниёзи ширҳои бузурги газ қарор дорад. 

Гурбангули Бердимуҳаммедов  раиси ҷумҳурии Туркманистон эълом карда буд, ки тули лулаҳои ҷушкоришуда дар масири бахши туркмании проекти Топи 206 км хоҳад буд.