Тақвияти сомонаҳои омӯзиш аз роҳи дур дар Туркманистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i54763-Тақвияти_сомонаҳои_омӯзиш_аз_роҳи_дур_дар_Туркманистон
Туркманистон барои тақвияти зерсохтҳои сомонаҳои омӯзиш аз роҳи дур иқдомоти лозимро иҷро мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 23, 2020 06:59 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти сомонаҳои омӯзиш аз роҳи дур дар Туркманистон

Туркманистон барои тақвияти зерсохтҳои сомонаҳои омӯзиш аз роҳи дур иқдомоти лозимро иҷро мекунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз АКИперсс ва Ожонси хабарии давлатии Туркманистон (TDH), дар ин кишвар тамомии дарсҳои мақтаъҳои мухталифи таҳсилӣ ва нишастҳои илмӣ ба таври муназзам ва ба сурати видеоконфронс баргузор мешавад.

Қарор аст барои нахустин бор дар Туркманистон кумакҳои равоншинохтӣ низ ба сурати маҷозӣ ба волидайн ва шаҳрвандон барои тарбияти фарзандони маъюб ироа шавад, ҳамчунин пешбинӣ мешавад  хонандагони таҳсилоти умумӣ гувоҳиномаи поёндавраи худро ғайриҳузурӣ дарёфт кунанд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов- раиси ҷумҳури Туркманистон гуфт: Ин кишвар истифода аз технологиҳои навро дар авлавияти кории худ қарор додааст.