Июл 17, 2020 20:04 Asia/Dushanbe
  • Амнияти иттилоърасонӣ - меҳвари нишасти коршиносони ИДМ

Коршиносони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ё Ҷомеаи Ҳамсуд дар нишасти видеоӣ мавзӯи таъмини амнияти иттилоърасонии байналмилалиро баррасӣ карданд.

Дар ин нишасти видеоӣ намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова (ба унвони нозир), Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат карданд.

Ширкаткунандагон дар мавриди идомаи баррасии тарҳи баёнияи муштарак дар таърихи 21 августи соли ҷории мелодӣ дар қолаби нишасти видеоӣ ба тавофуқ расиданд.

Ҷомеаи кишварҳои ИДМ пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21 декабри 1991 (20 озари 1380) дар Алмаато тавассути раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд.

Узвияти Гурҷистон дар ин иттиҳодия пас аз тасмими расмии руасои ҷумҳури кишварҳои узв дар 3 декабри 1993 (12 озари 1382) ва ба дунболи дархости Эдвард Шварднадзе, раисҷумҳури Гурҷистон дар 8 октябри 1993 (16 меҳри1382) пазируфта шуд.

Беш аз 70 дарсади буҷаи ҷомеаи муштаракулманофеъро Русия пардохт мекунад.