Июл 22, 2020 11:45 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти 459 мақоми давлатӣ дар Узбакистон

Додситони кулли Узбакистон эълом кард: Аз оғози соли 2020 дар ин кишвар 459 мақоми давлатӣ ба далели иртикоби ҷурмҳои мухталиф муҷозот шуданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, додситони кулли Узбакистон эълом кард: Тайи 6 моҳи соли 2020 дар ин кишвар 327 парвандаи кайфарӣ баррасӣ шуд ва 459 мақоми давлатӣ муҷозот шуданд.

Бар асоси гузориши додситони кулл, тайи муддати мушобеҳи соли 2019, 397 парвандаи кайфарӣ баррасӣ шуд ва 537 мақоми давлатӣ муҷозот шуданд, ки аз ин теъдод 4 нафар корманди давлат, 13 корманди вилоятӣ ва 442 корманди ноҳия ва шаҳр буданд.

Ин мақомоти давлатӣ ба иртикоби ришвахорӣ, боҷгирӣ, сӯистифода аз мақоми давлатӣ, фиребкорӣ, бетаваҷҷуҳӣ ва дигар ҷурмҳо муттаҳам шудааст.

Дар натиҷаи ҷурмҳои ин афрод давлат 16 миллиону 800 ҳазор доллар хисорат дид, ки аз аз ин мизон хисорат 66 дарсад ё 11 миллиону 100 ҳазор доллари он ба давлат бозгардонда ва ҷуброн шудааст.