Фурӯхта шудани амлоки давлатӣ дар Туркманистон
Август 05, 2020 19:26 Asia/Dushanbe
Амлоки давлатӣ дар Туркманистон фурӯхта мешавад.
Вазорати дороӣ ва иқтисоди Туркманистон аз фурӯши беш аз 50 боб амлоки давлатӣ хабар дод.
Амвол ва амлоки мутааллиқ ба Вазорати шаҳрсозӣ ва меъморӣ, Вазорати тиҷорат ва иртибототи иқтисодии хориҷӣ, Вазорати кишоварзӣ ва муҳити зист, ширкати миллии “Туркамангаз”, Вазорати санъат, устондориҳои Охол, Лубоб ва Мари аз тариқи муноқиса фурӯхта мешаванд.
Листи комили амволи мавриди фурӯш дар рӯзномаи давлатии “Туркманистон” мунташир шудааст.
Муноқиса дар 26 августи соли ҷорӣ, соати 10 субҳ дар сохтмони Вазорати дороӣ ва иқтисоди Туркманистон баргузор мешавад.
Дар солҳои ахир Туркманистон дар талош барои тақвияти бахши хусусӣ аст.