Сентябр 09, 2020 10:45 Asia/Dushanbe
  • Ӯзбекистон бузургтарин фурӯшандаи тиллои ҷаҳон шуд

Ӯзбекистон бо содироти беш аз 11 тонна тилло ба бузургтарин фурӯшандаи тиллои ҷаҳон табдил шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Эки пресс; анҷумани ҷаҳонии тилло эълом кард : дар моҳи июн ( тиру мурдод ) Ӯзбекистон, 11, 6 тонна тилло ба фурӯш расондааст . Пас аз Ӯзбекистон , Муғулистон дар рутбаи дувуму Русия ва Олмон дар ҷойгоҳи сеюми фурӯши тилло қарор доранд .  
Ин дарҳоле аст, ки Туркия бо хариди 19, 4 тонна  тилло дар ин муддат , рутбаи аввали хариди тилло дар ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст .
 Қатар, Ҳинд , Қазоқистон ва Украина баъд аз Туркия  рутбаҳои баъдии харидори бештарини тилло дар ҷаҳон будаанд .
 Ӯзбекистон дар назар дорад дар солҳои 2020 то 2024 ҳудуди 230 миллион доллар дар ҷустуҷӯ , арзёбӣ ва иктишофи захоири ҷадид  сармоягузорӣ кунад .