Апрел 03, 2021 21:07 Asia/Dushanbe
  • Бо баҳрабардорӣ аз тарҳи КАСА 1000, Тоҷикистону Қирғизистон шаш моҳ аз сол метавонанд 5 миллиард киловатт-соъат барқ ба Афғонистону Покистон мунтақил кунанд
    Бо баҳрабардорӣ аз тарҳи КАСА 1000, Тоҷикистону Қирғизистон шаш моҳ аз сол метавонанд 5 миллиард киловатт-соъат барқ ба Афғонистону Покистон мунтақил кунанд

Мақомоти Қирғизистон мегуянд тарҳи КАСА 1000 дар кишвари онон танҳо дар соли 2025 такмил хоҳад шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи хабаргузории давлатии Қирғизистон,Ҷамшед Шоҳинзода-муовини вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон таъкид кардааст, ки имкони истифода аз бахши тоҷикистонии хати интиқоли барқи КАСА 1000 дар тобистони соли 2021 фароҳам хоҳад шуд .

    Аммо Улан Абдурасулов-мудири ширкати миллии барқи Қирғизистон эълом кардааст, ки бахши қирғизистонии хати КАСА 1000 танҳо дар охирҳои соли 2024 ва ё аввалҳои соли 2025 омодаи баҳрабардорӣ хоҳад шуд .

 Вай таъкид кардааст ки ба ин манзур бояд хати 500 киловолтии фишори қавии 477 километрӣ аз минтақаи Додхоҳи Қирғизистон ба вилояти Суғди Тоҷикистон сохта шавад, ки ин раванд тулонӣ хоҳад буд .

Тоҷикистону Қирғизистон шаш моҳ аз сол метавонанд 5 миллиард киловатт-соъат барқ бо хати КАСА 1000 ба Афғонистону Покистон мунтақил кунанд .

   Маблағи сохти ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 баҳрабардорӣ мешуд ҳудуди як миллиард доллар баровард шудааст .

   Саҳми Тоҷикистон дар сохти ин тарҳ 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион доллар аст .

 

  Бештар бихонед :