Апрел 10, 2021 18:21 Asia/Dushanbe
  • Дар Ӯзбекистон моҳи шарифи Рамазон тибқи қоидаҳои карантин баргузор хоҳад шуд
    Дар Ӯзбекистон моҳи шарифи Рамазон тибқи қоидаҳои карантин баргузор хоҳад шуд

Раиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзи 13 апрелро рӯзи аввали Рамазон дар ин кишвар эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Саои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, ба асоси дастури раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар шароити маҳдудиятҳои короноӣ маросими моҳи мубораки Рамазон бо риояти муқаррароти карантин баргузор хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳурии ин кишвар дастур додааст, ки барои баргузории моҳи мубораки Рамазон тамом шароити мавриди ниёзро фароҳам кунанд.

Дар Узбекистон ду ҳазору 85 масҷид фаол аст ва 2 ҳазору 238 созмони динӣ мутааллиқ ба пайравони 16дини мухталиф ба сабт расидааст. 

Узбакистон бо беш аз 34 миллиону 756 ҳазор ҷамъият пурҷамъияттарини кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бештар мардум онро мусулмонон аҳли суннат ташкил медиҳад.

Бештар бихонед: 

 

Барчасп