Боздошти 20 шаҳрванди ӯзбакистонии гумонбар ба ифротгароӣ
(last modified Fri, 18 Jun 2021 12:54:40 GMT )
Июн 18, 2021 17:54 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 20 шаҳрванди ӯзбакистонии гумонбар ба ифротгароӣ

Нерӯҳои амниятии Ӯзбакистон дар устони Сирдарё 20 шаҳрванди мазнун ба интишори матолиби ифротгароёна дар фазои маҷозиро боздошт карданд.

Кормандони Вазорати умури дохила ва Хадамоти амнияти давлатии вилояти Сирдарё, дар ноҳияи Мирзообод ва Янгиюл, ин афродро боздошт карданд.

Ин гурӯҳ аз тариқи шабакаҳои интернетӣ ақидаҳои ифротиро тарвиҷ мекарданд.

Дар бозрасӣ ва тафтиши манозили боздоштшудагон матолиби ифротгароёна, чанд гӯшии телефони ҳамроҳ, роёнаи қобили ҳамл, корти ҳофиза ва аслиҳа кашф шуд.

 

Бештар бихонед: