Июл 11, 2021 09:08 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон: Дар ҳолати омодабош тамоми таҳаввулоти Афғонистонро расад мекунем

Муовини вазири дифои Қазоқистон гуфт, нерӯҳои низомии ин кишвар дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Ба гузориши “Форс”, Темур Дандибоев, муовини вазири дифои Қазоқистон гуфт: Нерӯҳои низомии ин кишвар дар вазъияти омодабоши доим қарор дорад.

Ӯ афзуд: Барои эъзоми нерӯҳои низомии Қазоқистон ба Афғонистон мувофиқати аъзои порлумон ва Шӯрои амнияти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ниёз аст.

Бинобар суханони вай, дар ҳоли ҳозир ирсоли кумаки низомӣ, ба вижа эъзоми низомиён фақат дар сурати дархости мақомоти Афғонистон имконпазир аст.

Олжас Ҳусейнов, раиси департаменти равобити байналмилали Вазорати дифои Қазоқистон низ гуфт: Дар апрели соли 2021 мақомоти Қазоқистон ва Тоҷикистон тавофуқномае дар заминаи ирсоли кумакҳои билоивази низомӣ –фаннӣ бо Афғонистон имзо карданд.

Вай дар бахши дигаре дар мавриди иҷрои тавофуқномаи дуҷониба дар заминаи ҳамкории низомӣ байни Қазоқистон ва Афғонистон гуфт: Вазъияти феълӣ душвор ва пешбинӣ дар мавриди ҳамкорӣ байни ниҳодҳои ду кишвар сахт аст.

 

Бештар бихонед: