Шарти Ашрафғанӣ барои каноргирӣ аз қудрат
Раиси ҷумҳурии Афғонистон канорагирӣ аз қудратро вобаста ба дархости мардуми ин кишвар донист.
Муҳаммад Ашрафғанӣ дар маросими бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии ҷавонон дар Кобул гуфт : Фақат мардуми Афғонистон метавонанд дар мавриди ҷонишинии вай тасмим бигиранд, на ҳамсояи мо ( Покистон ) .
Дар ин замина Имрон Хон-нахуствазири Покистон гуфта буд: Гурӯҳи Толибон хоҳони канор рафтани Ашрафғанӣ аз қудрат ҳастанд .Раиси ҷумҳурии Афғонистони пеш аз ин гуфта буд интиқоли қудрат аз тариқи интихобот барои ҳукумати вай як асли ғайриқобили муомила аст .
Шарти Ашрафғанӣ барои канорагирӣ аз қудрат аз тариқи дархости мардум дар ин замина нишонае аз адами тамоюли вай барои вогузории қудрат пеш аз итмоми давраи раёсати ҷумҳурӣ ё адами тавофуқи сиёсӣ бо Толибон барои хотимаи ҷанг аст .
Раиси ҷумҳурии Афғонистон ба хубӣ медонад, ки созукори мушаххасе дар Қонӯни асосии ин кишвар барои тарҳи дархости мардум дар хусӯси канорагирии Ашрафғанӣ аз қудрат вуҷуд надорад ва ба ҳамин далел аст, ки вай ҳар гуна канор рафтан аз қудратро ба хости мардум вобаста кардааст . Чунончи Ашрафғанӣ тамоюле ба канорагирӣ аз қудрат дар шароити кунунии Афғонистон дошт метавонист хости намояндагони маҷолиси миллӣ ва Сенати ин кишвар ё гурӯҳҳои сиёсиро ба унвони намояндагон ва вукалои мардумӣ шарти канорагирӣ аз қудрат эълом кунад .
Аз суханони Ашрафғанӣ ин гуна бармеояд, ки вай ҳозир ба канорагирӣ аз қудрат бидуни тағйир дар шароити майдонии Афғонистон нест ва ҳамчунон тамоюл дорад дар қудрат ҳузур дошта бошад .
Ин дар ҳоле аст, ки бо суқути пай дар паии вилоёти Афғонистон ба дасти Толибон, Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳурии ин кишварро ба нокоромадӣ дар созмондеҳии нерӯҳои мусаллаҳ барои муқобила бо Толибон муттаҳам мекунанд . Бо вуҷуди он ки артиши Афғонистон беш аз сесад ҳазор низомии омӯзишдида ва бархурдор аз таҷҳизоти низомии пешрафтаро дорад, аммо гуфта мешавад то кунун 18 вилояти ин кишвар ба дасти Толибон суқут кардааст .
Ин гумона вуҷуд дорад, ки нерӯҳои артиши Афғонистон ба таври комил аз ҳамаи зарфиятҳои худ барои ақиб рондани Толибон ва ҷилавгирӣ аз пешравиҳои ин гурӯҳ истифода накардаанд ва ба гуфта бархе коршиносон Толибон душвории чандоне барои тасарруфи шаҳрҳову марокизи вилоятҳо надоштаанд .
Дар шароите ки Ашрафғанӣ барои канорагирӣ аз қудрат аз як сӯ ва эъмоли ҳокимияти миллӣ барои муқобила бо пешравҳои Толибон аз сӯии дигар таҳти фишорҳои густардае қарор гирифтааст, бархе мақомоти амрикоӣ низ бидуни тавваҷуҳ ба мулоҳизоти миллӣ дар Афғонистон хостори истеъфои Ашрафғанӣ аз қудрат шудаанд.
Дар ҳоле истеъфои раиси ҷумҳурии Афғонистон аз сӯи Амрико матраҳ шудааст, ки ин кишвар бо хурӯҷи ғайримасъулона аз Афғонистон, шароити буғранҷиро барои давлату миллати ин кишвар рақам задааст .
Ин дидгоҳ вуҷуд дорад, ки Амрико ба ҷои он ки посухгӯи шароити кунунии Афғонистон дар натиҷаи 20 соли ҳузури ноком дар ин кишвар барои нобудии Толибон бошад, хостори канорагирии Ашрафғанӣ аз самти раёсати ҷумҳурии Афғонистон шудааст .
Бо тавваҷуҳ ба суръати пешравҳои Толибон дар Афғонистон ва суқути сериалии марокизи вилоёт аз ҷумлаи Ҳирот ба унвони яке аз вилоятҳои муҳими ин кишвар ин гумона вуҷуд дорад, ки Кобул-пойтахти ин кишвар низ ба зудӣ дар ихтиёри ин гурӯҳ қарор гирад ки дар он замон шароити сиёсии Афғонистон ба шиддат мутафовит хоҳад шуд .
Бештар бихонед :
- Баёнияи Толибон хитоб ба миллати Афғонистон ва ҳамсоягон
- Ашраф Ғанӣ: Музокироти сулҳ ба як гурӯҳи таҷовузгар машрӯият бахшид