Ҳуҷуми садҳо нафар ба идораи гузарномаи Кобул
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i75104-Ҳуҷуми_садҳо_нафар_ба_идораи_гузарномаи_Кобул
Як рӯз пас аз эъломи азсаргирии судури гузарнома дар Афғонистон, садҳо нафар муқобили идораи гузарнома дар Кобул таҷаммуъ карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 07, 2021 21:06 Asia/Dushanbe

Як рӯз пас аз эъломи азсаргирии судури гузарнома дар Афғонистон, садҳо нафар муқобили идораи гузарнома дар Кобул таҷаммуъ карданд.

Гузоришҳо ҳокӣ аст, ки аъзои Толибон ҷамъияти мутақозии судури гузарномаро бо хушунат аз маҳалли идораи гузарнома мутафарриқ кард.

Мақомоти Толибон мегӯянд, ки қасд доранд то чанд рӯзи дигар ба дархостҳои судури гузарнома расидагӣ ва гузарномаҳои мушобеҳеро, ки давлат қабл аз он истифода мекард, содир кунанд.

Сомонаи судури гузарнома дар Афғонистон пас аз он ки Толибон моҳи август контроли Кобулро дар даст гирифт, мутаваққиф шуд.

 

Бештар бихонед: