Октябр 10, 2021 14:50 Asia/Dushanbe
  • Шикори ҳайвоноти камёб ; хушгузаронӣ ба сабки Толибон !

Шикори парандагони камёб яке аз хушгузарониҳои ҷангҷуёни Толибон дар Афғонистон аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник,Толибон дар бист соли гузашта дар манотиқи таҳти контроли худ парандгону ҳайвоноти зиёдеро бо шиллеки гулӯлаи ҷангӣ ё бо туфангҳои шикорӣ шикор карданд бидуни он ки ба гӯшт ё пӯсти он ниёз дошта бошанд ; фақат барои ин ки тафреҳ кунанд ё акс ёдгорӣ бигиранд .
Парандагону ҳайвоноти камёб дар Афғонистон аз дер замон шикор мешаванд аммо Толибон нисбат ба ҳама дар ин замина пештоз аст .
Шуморе аз шаҳрвандони Афғонистон шикори парандагону ҳайвоноти Афғонистонро тибқи қонӯн ҷурм медонанд ва аз Толибон ба далели иртикоби чунин ҷурме интиқод карданд .

Онон бо нашри тасвири се шикорчии Толиб дар канори парандаи шикоршуда мегӯянд, ки одамҳо дар Афғонистон масӯният надоштанд, акнун парандагону ҳайвонот низ масунияти худро аз даст додаанд.
Ҳумайро Қодирӣ-устоди донишгоҳ ва нависандаи афғон бо нашри тасвири парандаи шикоршуда ба шикорчиёни толиб навишт : « Ба шумо нагуфтанд, ки дини ислом дини меҳрбонӣ аст ? Ба шумо нагуфтанд, ки дар дини ислом бар меҳрбонӣ бо ҳайвонот таъкид шудааст ? »
Қодирӣ ба Толибон гуфт : « Дар ҳаво ҳайвонотро шикор мекунед ва дар замин инсонҳоро . »

Дар солҳои гузашта  давлати Афғонистон талош кард, ки бо ҳамоҳангии бузургони минтақа аз мардум бихоҳанд, ки парандагону ҳайвоноти камёбро шикор накунанд .
Аммо дар амал дида мешуд ки ин талошҳо ҳам натиҷабахш набуду шикорчиён боз ҳам ба шикори парандагону ҳайвонот идома доданд.