Ҳамкории Қирғизистону Ҳиндустон дар бозсозии аждари зидди зердарёӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i76700-Ҳамкории_Қирғизистону_Ҳиндустон_дар_бозсозии_аждари_зидди_зердарёӣ
Намояндагони як ширкати қирғизистонӣ бо ҳамкории ширкати ҳиндӣ 100 аждар “torpedo”-и зидди зердарёии нерӯи дарёии Ҳиндустонро бозсозӣ мекунанд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Ноябр 11, 2021 12:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Қирғизистону Ҳиндустон дар бозсозии аждари зидди зердарёӣ

Намояндагони як ширкати қирғизистонӣ бо ҳамкории ширкати ҳиндӣ 100 аждар “torpedo”-и зидди зердарёии нерӯи дарёии Ҳиндустонро бозсозӣ мекунанд.

Ба гузориши Форс, дар ҳоли ҳозир, ин ширкати қирғизистонӣ ду навъи аждари “SET – 65” ва “TEST – 71”-ро бозсозӣ мекунад.

Дар ҳини модернсозӣ, аждарҳо бо сомонаҳои ҷадиди ҳидоят дар оби шиллик ва озмоиш шуд.

Аз декабри 2020 то апрели 2021 дар маҷмӯ 6 аждар бо муваффақият шиллик шудааст.

Нерӯи дарёии Ҳиндустон дар назар дорад то 100 маҳсули низомии худро дар муддати 3 то 5 сол навсозӣ кунад.