Декабр 01, 2021 16:29 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон аз Туркия паҳпод харидорӣ мекунад

Мақомоти Қазоқистон ва Туркия қарордоди хариди 3 ҳавопаймои бидуни сарнишини ANKA имзо карданд.

Бар асоси ин қарордоде, ки ширкати “Қаз Экспорт” (ба намояндагӣ аз Вазорати саноат ва тавсеаи зерсохтҳои Қазоқистон) ва тавлидкунандаи ин навъи паҳпод – ширкати ҳавофазои Туркия имзо шуд, Нурсултон то соли 2023 мелодӣ қарор аст 3 ҳавопаймои бидуни сарнишини ANKA дарёфт кунад.

Илова бар ин, тибқи ин қарордод, то соли ояндаи мелодӣ ду истгоҳи назоратии заминӣ ва як бастаи пуштибонии лаҷистикӣ (мадорики фаннӣ, омӯзиш ва қатаоти ядакӣ) дар ихтиёри неруҳои ҳавоии Қазоқистон қарор дода мешавад.

Мудири кулли ширкати саноеи ҳавофазоии Туркия фурӯши ҳавопаймои низомии бидуни сарнишини АНКА ба Қазоқистон пас аз Тунисро дастоварди муҳиме барои кишвараш унвон кард ва гуфт: Боиси хушҳолӣ аст, ки бозори содироти паҳпод дар ҳоли рушд аст.

Паҳподи туркӣ муҷаҳҳаз ба электрооптик, нишонгари лазерӣ ва фосилаёби лазерӣ ва дурбин аст. Ин дастгоҳ дорои ҳаддиаксари вазн ҳудуди 1. 7 килограм аст ва метавонад беш аз 30 соат дар осмон бимонад.

Ин ҳавопаймои бидуни сарнишин метавонад як маъмуриятро дар иртифои 23 ҳазор фут анҷом диҳад ва ҳаддиаксари иртифои амалиётии он 30 ҳазор футро ташкил медиҳад. Бурди он то 250 километр ва қодир ба ҳамли 350 килограм бор аст.