Декабр 08, 2021 11:16 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон то соли 2050 фурсати арзаи газро ба бозори Аврупо дорад

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Туркманистон гуфт, Ишқобод то соли 2050 фурсати арзаи гази табиӣ ба бозори Аврупоро дорад.

Ба гузориши АКИ Пресс, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Туркманистон гуфт, Ишқобод то соли 2050 фурсати арзаи гази табиӣ ба бозори Аврупоро дорад.

Ба гуфтаи вай, дар ин давра Аврупо қасд дорад дар масири «иқтисоди сабз» ҳаракат кунад, ҳамчунон маҷбур ба истифода аз сӯхтҳои ҳидрокарбонии суннатӣ хоҳад буд.

Сафири Иттиҳоди Аврупо афзуд: Туркманистон метавонад то соли 2050 гази табиӣ ба Аврупо бирасонад.

Вай идома дод, имрӯзҳо Иттиҳоди Аврупо як сиёсати энержии ҷадид дорад, ки ҳадафи он коҳиш ё ҳазфи интишори ди оксиди карбон то соли 2050 аст.

Сафири Иттиҳоди Аврупо гуфт, аммо дар ҳоли ҳозир дар марҳалаи гузор ба энержии эмин ҳастем.

Вай афзуд, Иттиҳоди Аврупо бо такя бар манобеи энержии таҷдидпазири ҷадид монанди бодӣ, хуршедӣ, барқи обӣ ва ғайра мебошад, аммо маълум нест то чӣ замоне метавонад ҳомилҳои суннатии худ - газу нафтро канор бигузорад.

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Туркманистон гуфт, иқтисоди сабз, иқтисоде аст, ки дар сояи зиндагии инсонҳои пешрафтаву адолати иҷтимоӣ падид меояд. Дар ҳоле ки дар он хатарҳову осебҳои зистмуҳитӣ дар камтарин мизони мумкин аст.

Иқтисоди сабз як иқтисод ё тавсеаи иқтисоде аст, ки бар пояи тавсеаи пӯё ва огоҳӣ аз иқтисоди бумӣ (созгор бо муҳит ва бум) бино ниҳода шудааст.