Инфиҷор дар Кобул: Сӯиқасд ба ҷони Абдуссаломи Обид ноком монд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i78332-Инфиҷор_дар_Кобул_Сӯиқасд_ба_ҷони_Абдуссаломи_Обид_ноком_монд
Ба гуфта мақомоти Толибон, дар натиҷаи ҳамлаи интиҳорӣ ба мошини яке аз олимони динӣ дар Кобул 4 тан аз ҳамроҳони вай захмӣ шуданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 17, 2021 22:32 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар Кобул: Сӯиқасд ба ҷони Абдуссаломи Обид ноком монд

Ба гуфта мақомоти Толибон, дар натиҷаи ҳамлаи интиҳорӣ ба мошини яке аз олимони динӣ дар Кобул 4 тан аз ҳамроҳони вай захмӣ шуданд.

Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки ин инфиҷор дар ҳавзаи чаҳоруми амниятии шаҳри Кобул рух дод ва мошини ҳомили Абдуссаломи Обид, аз аъзои гуруҳи Толибон ҳадаф қарор гирифт.

Ҳамчунин дар натиҷаи ин инфиҷор 4 тан аз ҳамроҳони Обид низ захмӣ шудаанд.

Вазорати дохилаи Толибон бо таъйиди ин хабар гуфт, Абдуссаломи Обид яке аз олимони динӣ дар Афғонистон, аз як инфиҷор ҷони солим бадар бурда, аммо ӯ бо 4 тан аз ҳамроҳонаш захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, вазъияти саломатии мавлавӣ Абдуссаломи Обид хуб аст.

То кунун фард ё гуруҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст.