Декабр 31, 2021 19:37 Asia/Dushanbe
  • Бишкек дуюмин шаҳри олудаи ҷаҳон

Бишкек дар рутбаи дуюмин шаҳри олудаи ҷаҳон қарор гирифт.

Ба гузориши «Форс», пойтахти Қирғизистон бо тавваҷуҳ ба шохиси ҷаҳонии кайфияти ҳаво, дар рутбаи дуюмин шаҳри олудаи ҷаҳон қарор гирифт.

Шохиси маркази шаҳр (AQI ) беш аз 240 аст. Ин ба он маъност, ки ҳавои пойтахт бисёр олуда ва барои саломатӣ бисёр хатарнок аст.

Бишкек пас аз шаҳри Калкуттаи Ҳинд дар рутбаи дувуми олудагӣ қарор дорад.

Ин шохис дар манотиқи атрофи шаҳр аз 181 то 346 мутағайир аст.

Дар моҳи ноябр пойтахти Қирғизистон дар садри ин феҳрист қарор гирифт дар он замон шохис ( AQI ) наздик ба 300 буд. Дар воқеъ вақте ҳаво софу ором аст, таҷҳизоти таҳқиқотии вижа имтиёзе камтар аз 50-ро нишон медиҳанд.

Дар зимистонҳои гузашта ин шохис дар Бишкек аз марзи 800 ҳам убур карда буд.

 

 

 

 

Барчасп