Даргирӣ миёни неруҳои Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер дар Бағлон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i80450-Даргирӣ_миёни_неруҳои_Толибон_ва_Ҷабҳаи_муқовимати_Панҷшер_дар_Бағлон
Як манбаи хабарии наздик ба Ҷабҳаи муқовимат иддао кард, дар 3 шабонарӯзи гузашта Толибон ба мавозеи ин гуруҳ дар вилояти Бағлон ҳамла карда ва даргирӣ дар ин минтақа идома дорад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 27, 2022 15:35 Asia/Dushanbe
  • Даргирӣ миёни неруҳои Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер дар Бағлон

Як манбаи хабарии наздик ба Ҷабҳаи муқовимат иддао кард, дар 3 шабонарӯзи гузашта Толибон ба мавозеи ин гуруҳ дар вилояти Бағлон ҳамла карда ва даргирӣ дар ин минтақа идома дорад.

Як манбаи наздик ба Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер муддаӣ шуд, ки Толибон ва аъзои Ҷабҳаи муқовимат 3 шабонарӯз аст, ки дар рустои дараи Чарху Фалаки ноҳияи Хусти вилояти Бағлон бо ҳам даргир ҳастанд.

Ин манбаъ гуфт: Дар ин даргирӣ ба  ҳарду тараф талафот ворид шудааст.

Дар ин даргирӣ ду тан аз неруҳои Ҷабҳаи муқовимат кушта ва захмӣ шуданд, аммо аз теъдоди талафоти Толибон иттилои дақиқе дар даст нест.