Сухангӯи Толибон: Мавзӯи ҳаққобаи Эрон ҳал шудааст
Феврал 11, 2022 20:33 Asia/Dushanbe
Сухангӯи давлати муваққати Толибон эълом кард, мавзӯи ҳаққобаи Эрон ҳал шудааст.
Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи давлати муваққати Толибон дар Афғонистон дар мусоҳибае аз равобити ҳасана миёни Эрон ва Афғонистон ибрози хурсандӣ кард.
Вай гуфт, дар сурате, ки тарафи Афғонистон ба андозаи кофӣ захираи об дошта бошад, Ҷумҳурии исломии Эрон низ аз об бархурдор хоҳад шуд.
Муҷоҳид дар бахши дигаре аз суханонаш ба мавзӯи маводи мухаддир дахл карда гуфт, барои таваққуфи кишти хашхош дар Афғонистон ниёз ба кумаку ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ барои фароҳам кардани кишти ҷойгузин дар Афғонистон аст.