Сентябр 08, 2022 18:49 Asia/Dushanbe
  • Покистон воридоти мева аз Афғонистонро мутавақиф кард
    Покистон воридоти мева аз Афғонистонро мутавақиф кард

Бо афзоиши нархи гумрук воридоти мева ба Покистон аз мабдаи Афғонистон мутавақиф шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс расонаҳои покистонӣ рӯзи панҷшанбе гузориш доданд: Беш аз 200 дастгоҳ мошини борбарии ҳомили мешава аз мабдаи Афғонистон ба далели эътирози воридкунандагони мева ба афзоиши нархи гумрук дар гумруки марзи Чаман монданд.

Ба гузориши рузномаи дони Покистон нарҳои гумрук руи меваи Афғонистон аз 20 ҳазор рупия дар ҳар тонна ба 95 ҳазор рупия афзоиш ёфта аст.

Ба гуфтаи мақомоти гумруки Покистон 200 дастгоҳ мошини борбарии ҳомили мева ба далели пардохт накардани  ҳазинаи гумруки аз сӯи воридкунандагон дар марзи Чаман мутвақиф шуд ва мунтазири тасмими мақомоти покистонӣ аст.

Ангур, анор ва дигар меваҳои фасли, ки дар мошинҳо боргири шуд агар то чанд рӯзи оянда гумрук боз нашавад мумкин аст фосид шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки ахирна Вазорати бозаргонии Покистон эълом кард барои муқобила бо афзоиши нарх тасмим ба воридоти пиёз ва помидор аз Афғонистон ва Эрон гирифта аст.

 

Барчасп