Даргирӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рух додааст.
Бино ба навиштаи сомонаи Sputnik, дар ин бора Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дода, афзудааст, ки ҳодиса дар минтақаи Булакбошии вилояти Бодканд рух додаст. Ба ҳолати 9:30 бо вақти маҳаллӣ гоҳо тирпарониҳо рух дода истодаанд.
Ба навиштаи манбаъ, Тоҷикистон сарҳадбонони қирғизро дар гулӯлаборон кардани постгоҳи сарҳадии "Кех" дар ҷамоати Ворух муттаҳам карда, ин амалро моҷароҷӯӣ хондааст
Сарҳадбонони дидбонгоҳи марзии "Булакбошӣ"-и Бодканди Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии "Кех"-и отряди сарҳадии Исфараи Тоҷикистон аз минамёт гулӯлаҳо партофтаанд.
Дар ин бора Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, тақрибан соати 7:15 дақиқаи 14 сентябр нерӯҳои қирғиз бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла сӯи постгоҳи "Кех" парондаанд.
Таъкид шудааст, ки сипас мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои автомату пулемёти Калашников ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт.
"Ғайр аз ин, аз ҷониби Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуданд", - омадааст дар иттилоия.
КДАМ изҳор доштааст, ки дар ин вазъият нерӯҳои Тоҷикистон оташи ҷавобӣ кушодаанд.
Дар мавриди талафот аз ҷониби Тоҷикистон дар изҳороти нерӯҳои марзбонии КДАМ иттилое дода нашудааст.
Ин ниҳод афзудааст, ки айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст.