Теъдоди куштаҳои Қирғизистон дар марзи Тоҷикистон ба 87 нафар расид+видео
(last modified Sat, 17 Sep 2022 13:02:31 GMT )
Сентябр 17, 2022 18:02 Asia/Dushanbe

Вазорати тандурустии Қирғизстон ҷумъа шаб дар баёнияи эълом кард, ки теъдоди қурбониёни даргирии ин кишвар дар марзи бо Тоҷикистон ба 87 нафар расида аст.

Ба гузориши ИРНА, хабаргузории Райзетрз ба нақл аз марзбонии Қирғизистон эълом кард, ки даргириҳои сангини дар марзи бо Тоҷикистон ҷараён дорад ва нерӯҳои тоҷик дар ҳоли эъзоми нерӯҳои кумаки ҳастанд.

Соати пеш низ Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон эълом кард бо вуҷуди тавофуқ барои коҳиши таниши Тоҷикистон ба ирсоли таҷҳизоти низомӣ ба марз идома медиҳад.

Ин дар ҳоле аст, ки фармондеҳони марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон баъд аз як гуфтугӯи телефонӣ рӯзи ҷумъа тавофуқ карданд то аз соати 10 ба вақти маҳалӣ дар мазҳои ду кишвар оташбас барқарор шавад.

Бар асоси ин гузориш қарор аст фармондеҳони марзӣ ва дар ҳоли ҳозир раисони ду вилоят марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон барои коҳиши танишҳои марзӣ бо якдигар дидор кунанд.

Таниши марзӣ байни ин ду ҷумҳурии собиқи Шуравӣ маъмулан ҳарвақт якбор ташдид мешавад, аммо хела зуд ҳам фурукаш мекунанд. Русия дар ҳар ду кишвар пойгоҳи низомӣ дорад ва ин ҳафта хостори хештандории тарафайн ва гуфтугғ барои ҳалли ихтилофот шуд.