Баргузории ройзаниҳои сиёсии Қирғизистону Ҳинд
(last modified Thu, 17 Nov 2022 09:23:53 GMT )
Ноябр 17, 2022 14:23 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ройзаниҳои сиёсии Қирғизистону Ҳинд

Муовинони вазирони хориҷаи Қирғизистон ва Ҳинд дар Бишкек бо ҳам дидор карданд.

Дар ин ройзаниҳо, тарафайн дар мавриди бахши густардае аз мавзӯъоти ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, низомӣ - фаннӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона ва ҳамчунин дар заминаи ҳамкориҳои консулӣ баҳсу табодули назар карданд.

Тарафайн алоқаи мутақобилро барои густариши ҳамкориҳо дар бахши тиҷорӣ ва иқтисодӣ аз тариқи иҷрои пружаҳое монанди беҳбуди зерсохтҳои пизишкӣ дар бемористони минтақаи Лайлак ва озмоишгоҳи фанноварии иттилоот дар донишгоҳи иқтисодии Қирғизистон ба унвони бахше аз ёддошти тафоҳум эълом карданд.

Ду тараф ба манзури иҷрои сареъи пружаҳо дар мавриди дарёфти кумаки билоиваз тавофуқ карданд.

Ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳои тиббӣ бо ҳадафи барқарории иртиботи байни бемористонҳои Қирғизистону Ҳинд барои табодули иттилооти пизишкӣ бо истифода аз охирин фанновариҳо низ тавофуқ шуд.

Дар ин дидор, иҷрои пратоколи даҳумин иҷлоси Комиссиюни байнидавлатии бозаргонӣ, иқтисодии Қирғизистону Ҳинд низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.